7 Июн 2026 - 11:20
Source: ABNA
Вашингтон дар пайи мусодираи амволи Эрон ба нафъи кишварҳои Халиҷи Форс аст

Як воситаи ахбори ғарбӣ эълом кард, ки Амрико дар пайи мусодираи қисмате аз амволи блокшудаи Эрон ба нафъи кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс аст.

Ба гузориши агентии хабарии Абна ба нақл аз шабакаи Россия ал-Яум, агентии Рейтерс ба нақл аз манбаъе, ки ӯро огоҳ хонд, эълом кард, ки ҳукумати Амрико аз воситаҳои худ барои ихтисоси амволи Эрон ба нафъи иттифоқчиёни худ дар минтақаи Халиҷи Форс истифода хоҳад кард.

Ин манбаъ, ки ба номаш ишора нашудааст, афзуд: ҳадафи ин амал дастгирии бозсозӣ ва ислоҳи зарарҳое дар оянда аст, ки иддао шуда «эҳтимолан Эрон [дар оянда] ба вуҷуд биёварад».

Рейтерс инчунин ба нақл аз ин манбаъ гузориш дод, ки вазири хазинаи Амрико як гурӯҳро маъмур кардааст, то вазъи кишварҳои иттифоқчии Вашингтон дар Халиҷи Форсро арзёбӣ карда ва бароварде аз хароҷоти зарарҳое, ки ба иддаои ин ниҳоди амрикоӣ, Эрон боиси он шудааст, таҳия кунанд.

Ин манбаъ афзуд, ки ҳукумати Амрико инчунин имкони истифодаи амволи Эронро барои бозсозии зарарҳои гузашта [ба ин минтақа] низ баррасӣ хоҳад кард.

Your Comment

You are replying to: .
captcha